Пайвандҳои дастрасӣ

"Сохти Тоҷикистон": Шурӯи истеҳсоли тракторҳои ватанӣ


Дар ноҳияи Ҳисор коргоҳи тавлиди тракторҳои тамғаи "МТЗ-80"-и Беларус мавриди истифода қарор дода шудааст. Ба гуфтаи Комил Зокиров, муовини сардори раёсати мошинсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин коргоҳ рӯзи гузашта ба ибтиқори як соҳибкори тоҷик, ки дар гузашта худ воридкунандаи ин тракторҳо ба Тоҷикистон буд, бунёд шудааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ин коргоҳ дар марҳилаи нахуст 50 адад трактор ҷамъоварӣ мешавад. "Ҳоло талаботи кишоварзони тоҷик бо дарназардошти камбуди маблағ ҳудуди 300 трактори ин тамға дар як сола аст. Вале, муассиси ин коргоҳ мехоҳад минбаъд содироти ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсояи минтақа, бахусус, ба Афғонистон роҳандозӣ кунад.

Қарор аст, ин тракторҳо бо тамғаи "Дар Тоҷикистон тавлид шудааст" ба фурӯш гузошта шавад. Дар марҳилаи феълӣ қисмҳои эҳтиётӣ аз Белорус ворид шуда, тракторҳо дар Тоҷикистон насбу васл мешаванд. Вале, минбаъд, бархе аз қисмҳои соддатари ин тракторҳоро дар корхонаҳои Тоҷикистон тавлид хоҳанд кард", гуфт Комил Зокиров.

Дар посух ба ин савол, ки оё сарнавишти ин коргоҳи тавлиди трактор ба монанди корхонаи муштараки траксторсозии Тоҷикистону Эрон нахоҳад шуд, ҷаноби Зокиров гуфт, ки "корхонаи муштараки траксторсозии "ТоҷИрон" моли ду кишвар буд, вале ҳоло муассиси ин коргоҳ як соҳибкори тоҷик аст ва ӯ аз таҷрибаи бойи тиҷорат бо мошинолоти кишоварзӣ бархурдор мебошад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG