Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар робита ба қатли Карлов раҳбари Guru Medya боздошт шуд"


Андрей Карлов моҳи декабри соли гузашта дар Анкара кушта шуд
Андрей Карлов моҳи декабри соли гузашта дар Анкара кушта шуд

Бо гумони даст доштан дар қатли Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия, раҳбари ширкати продюсерии Guru Medya боздошт шудааст. Дар ин бора нашрияи “Ҳуррият”, чопи Туркия, рӯзи 25-уми ноябр хабар дод.

Нашрияи “Сабоҳ”, наздик ба раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз нафари боздоштшуда Хайриддин Ойдинбош ном бурдааст. Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест.

Ширкати зери раҳбарии Хайриддин Ойдинбош маҷаллаҳои “Повестка Евразии” ва “Повестка России”-ро бо забони туркӣ нашр мекунад. Пойгоҳи “Медиазона” саҳифаи Ойдинбошро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардааст. Бино ба ин саҳифа, ӯ дар баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла шаҳри Маскав – пойтахти Русия – будааст.

Хайриддин Ойдинбош, инчунин, дар саҳифаи худ аксаш бо Андрей Карловро нашр кардааст.

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия, моҳи декабри соли гузашта дар намоишгоҳе дар Анкара аз тири маъмури пулис Мавлуд Олтинтош кушта шуд. Ҳамлагарро дар ҷойи ҳодиса парронданд.

XS
SM
MD
LG