Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Леогранди Гурҷистон 12 нафар ҷон бохтанд


Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки дар натиҷаи сӯхтор дар меҳмонхонаи Леогранди шаҳри Батуми 12 нафар ҷон бохтанд. Ин ҳодиса рӯзи 24-уми ноябр рух додааст.

Вазорати тандурустии Гурҷистон эълон кард, ки ҷараёни шиносоии ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад. Бар асоси эъломияи ин вазорат, беш аз 100 нафар, аз ҷумла меҳмонҳо ва кормандони ҳотел, ба ҷои дигар бурда шудаанд.

Зол Микаладзе, мақоми тандурустии минтақа, ба хабарнигорон гуфт, ки 12 нафар бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализ ҷон додаанд. Иллати сӯхтор ҳанӯз мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG