Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

235 кушта дар ҳамлаи Миср. Номаи Раҳмон ба Сисӣ


Масҷиде, ки намозгузоронаш кушта шуданд
Масҷиде, ки намозгузоронаш кушта шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамла дар нимҷазираи Синои Мисрро, ки ба камияш 235 кушта бар ҷой гузошт, “амали золимона” хонда, онро маҳкум кардааст. Ӯ 25-уми ноябр дар номаи таслият ба Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, “ин хабар боис ба андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид”.

“Мо бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд”, - афзудааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Расонаҳои хабарии Миср мегӯянд, рӯзи 24-уми ноябр дар натиҷаи ҳамла ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино дастикам 235 нафар кушта шуд. Дар ин ҳамла ҳамчунон даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати Миср дар шаҳри Бир-ал-Абд, воқеъ дар 40-километрии Ал-Арш -маркази маъмурии нимҷазираи Сино се рӯзи мотам эълон кард.

Телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки дар паи ҳамла Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти Миср ҷаласаи фавқулодаи ҳукуматро баргузор намуд.

Хабаргузории “Ассошиайтед пресс” аз нақли афсарони полис навиштааст, ки масъулони ҳамла савори чаҳор мошин ба масҷид наздик шуда, ибтидо маводи тарканда мунфаҷир намуда, сипас дар ҷараёни намози ҷумъа болои намозгузорон оташ кушоданд.

Ҳамла болои намозгузорон дар ҳолест, ки ҳукумати Миср бар зидди даҳшатафканони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли нимҷазираи Сино амалиёт роҳандозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG