Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон: омӯзгорон ва сарбозон охирин ҳосили пахтаро ҷамъ меоранд


Кормандони муассисаҳо ва ниҳодҳои давлатиро дар Туркманистон барои ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта сафарбар мекунанд. Соли ҷорӣ Туркманистон нақша дорад, 1 миллиону 50 ҳазор тонна пахта ҷамъ орад. Дар ин бора рӯзи 23 ноябр бахши Туркмании Радиои Озодӣ гузориш дод.

Ба гуфтаи як омӯзгор аз ноҳияи Рухободи вилояти Ахал, шуруъ аз охири моҳи август ҳар рӯзи истироҳат омӯзгорони мактабҳои миёна иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб мешаванд.

"Баъди рӯзи истироҳат бояд ба мудири мактаб дар бораи ҷамъоварии 60 кило пахта ҳуҷҷат пешниҳод карда шавад. Омӯзгорон бе ин ҳам кори зиёд доранд, баъди дарсҳо бояд дафтарҳоро тафтиш кунанд, ба дарси нав омода шаванд. Болои ин кори хона. Хеле мушкил аст, ки рӯзи истироҳатро дар саҳро бигзаронӣ", - нақл мекунад омӯзгор.

Онҳое, ки наметавонанд худ пахта ҷамъ оранд, маҷбуранд мардикор киро кунанд ва ҳаққи заҳмати онҳоро пардозанд. Ҳаққи миёнаи музди мардикор 2,85 доллари ИМА аст.

Шоҳидон мегӯянд, рӯзҳои охир дар пахтазорҳои Туркманистон сарбозҳоро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳар кадом сарбоз низ вазифадор аст, ки дар рӯз 60 кило пахта ҷамъ орад.

XS
SM
MD
LG