Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари фармондеҳи амрикоӣ ба Тоҷикистон


Муовини фармондеҳи нируҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши Амрико бо сафари серӯза аз 27 то 29 ноябр дар Душанбе хоҳад буд. Манобеи вазорати дифои Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки генерал-лейтенант Теренса Мак Кенрика бо сафари ошноӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ меояд.

Ба гуфтаи ин манобеъ фармондеҳи амрикоӣ дар чорчӯби сафар дидору гуфтугӯҳое бо мақомҳои низомӣ ва дифоии Тоҷикистон, аз ҷумла раҳбарияти вазорати дифоъ хоҳад дошт ва имкон дорад аз яке аз қисмҳои низомӣ низ дидан кунад.

Сафари қарибулвуқӯи муовини фармодеҳи нируҳои хушкигард ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи апрели имсол Ҷозеф Л.Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико низ дар як мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кардааст.

Дар ин мулоқот мавзӯи ҳамкории Душанбе ва Вашингтон барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон бинобар афзоиши хатарҳо аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои созмонёфта баррасӣ шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад ва таҳдиди амниятӣ, хатари убури гурӯҳҳои силоҳбадаст аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон, ки дар солҳои охир байнашон аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам дида мешаванд, як чолиши аслии Душанбе мебошад. Мақомот мегӯянд, ки барои муқобила ба ҳар гуна таҳдидҳо аз он сӯи марз омода ҳастанд ва дар ин росто барои намоиш қудрат чанд бор размоишҳои муштараки низомӣ баргузор карданд.

Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи терроризми фаромиллӣ аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши муштараки низомиёни тоҷик ва амрикоӣ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон 100 тан ва аз тарафи Амрико 150 низомӣ, ширкат карданд. Ҳадаф аз баргузории чунин размоиш тақвияти амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣунвон шудааст. Чунин размоиши низомӣ бо ширкати ҳарбиёни Тоҷикистон ва Русия низ баргузор шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд ва давоми ин муддат Амрико ба Тоҷикистон аз 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷкардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, мақараш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG