Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти зане барои қатли хушдоманаш дар Хуҷанд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 28-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми қатли хушдоманаш боздошт кардааст.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ҳодисаи қатли хушдоман аз ҷониби рӯзи 21 ноябр рух додааст.

Манбаъ аз келин ва хушдоман ном набурда гуфтааст, келин “дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо хушдоманаш, зани 54-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3 маротиба ба қисми рости қафаси синааш задааст.”

Хушдоман, ба қавли ВКД ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Дар ВКД мегӯянд, оид ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Масъулини мақомоти корҳои дохилӣ шарҳ надодаанд, ки келин бо кадом сабаб хушдоманашро ба ҳалокат расондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG