Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исматулло Насриддинов муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шуд


Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон Исматулло Насриддинов ба мақоми муовини вазири умури хориҷӣ таъин шуд.

Насриддинов то расидан ба ин мақом давоми чаҳор сол сафири Тоҷикистон дар Австрия ва ҳам намояндаи расмии кишвар дар САҲА ва созмонҳои дигари байналмилалии мустақар дар ин кишвар буд.

Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр бо пахши ин хабар, инчунин, навишт, консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Уфаи Русия, Алмаатои Қазоқистон ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Беларус) аз ҳисоби мутахассисони ҷавон нав шуд.

XS
SM
MD
LG