Пайвандҳои дастрасӣ

Саша Барот Коэн ҷаримаи саёҳонро барои "либоси Борат" ба зимма гирифт


Саша Барон Коэн, бозигари амрикоӣ пешинҳод кард, ҷаримаи онҳоеро пардозад, ки дар Остонаи Қазоқистон барои пӯшидани "либоси оббозии Борат" дар назди навиштаҷоти "I Love Astana" боздошт шуданд.

"Барои дӯстони чехии ман. Исбот бикунед, ки ин шумо будед (ҷузъиёти ҳодисаро нависед ва далелҳоятонро фиристед) - ва ман ҷаримаро мепардозам", - навишт вай дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 20 ноябр.

Шаш сайёҳи чехӣ ҳафтаи гузашта дар Остона боздошт ва ҳар кадоме 68-долларӣ ҷарима шуданд. Пулис онҳоро дар пӯшидани либоси номуносиб дар ҷойи ҷамъиятӣ айбдор кард. Саёҳон мехостанд бо "либоси шиноварӣ"-и қаҳрамони филм Борат Сагдиев, ки онро Саша Барон Коэн мебозад, дар назди навиштаҷоти "I Love Astana" акс бигиранд.

Филми "Борат", ки дар он Саша Барон Коэн рӯзноманигори қазоқ Борат Сагдиевро мебозад, соли 2006 аз сӯи мақомоти Қазоқистон эътирозро ба бор оварда ва ҳатто намоишаш дар ин кишвар манъ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG