Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози наздикони се сокини Ёвон аз ҳукми додгоҳи Шоҳмансур. ВИДЕО


Додгоҳи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ кард. Бино ба ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 21-уми ноябр эълон шуд, Ҷонибек Сайфиддинов 8,5, Насим Кукиеву Ёсин Меликов 8-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Бар асари латту кӯби кормандони милиса маҷбур ба гардан гирифтааст. Чаро бояд маҳкум ба зиндон шавад? Додгоҳ ҳеҷ раҳме ба фарзанди ман накард

Ин афрод дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ гуфтанд, ки тафтишу баррасии қазия бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил гардидааст. Аммо қабл аз эълони ҳукми додгоҳ Зуҳро Забирова, додситон (айбдоркунандаи давлатӣ) бо таъкид ба гунаҳкор будани гумонбарон аз додрас хост, ки Ҷонибек Сайфиддиновро нуҳ ва Насим Кукиеву Ёсин Меликовро ҳаштунимсолӣ ба зиндон маҳкум кунад.

Сайфиддин Исломов
Сайфиддин Исломов

Ҷонибек Сайфиддинов, яке аз маҳкумшудаҳо аслан худро гунаҳкор наҳисобид ва гуфт, на маводи мухаддир истеъмол кардааст ва на ба қочоқ даст задааст.

Танҳо Ёсин Меликов зикр кард, ки ҳангоми боздошт дар ҷайби ӯ 6 грамм ҳашиш ва он ҳам барои истеъмол ошкор шуда, иин мавод мавриди хариду фурӯш қарор надоштааст. Аммо муфаттиш дар парванда на 6, балки 26,6 грамм навиштааст.

Насим Кукиев, дар мурофиа эътироф кардааст, ки ин 6 грамм ҳашишро аз майдончаи варзишӣ пайдо карда бо хоҳиши дусташ ба Меликов барои истеъмол додааст. Маҳз зикри 26,6 грамм ҳашиш яке масоили аслии баҳсӣ дар давоми мурофиа буд, ки пойи як нафар корманди пулисро ба додгоҳ кашонд.

Эътирози наздикони се сокини Ёвон аз ҳукми додгоҳи Шоҳмансур
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Азиз Раҳимов, як корманди ШКД-и Шоҳмансур зимни як мурофиаи додгоҳӣ, ки барои рӯбарӯ кардан бо боздоштшудаҳо даъват шуда буд, вуҷуди шиканҷаро рад карда ва ҳам гуфтааст, ки ин миқдор маводи нашъадорро дар воқеъ ҳангоми боздошт пайдо кардааст.

Шарифҷон Саидзода, додраси додгоҳи Шоҳмансур пас аз шунидани сухани охирини айбдоршавандаҳо ва вакилони мудофеъ ҳукми додгоҳро содир кард.

Ҳукми се сокини Ёвон хашми пайвандони маҳкумшудаҳоро ба бор овард, ки мегуфтанд, “ҳукм ғайриодилона ва бераҳмона” буда, онҳо ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Сайфиддин Исломов, падари Ҷонибек Сайфиддинов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш гунаҳкор нест ва зери шиканҷа ба гуноҳи накардаи худ эътироф кардааст.

Гулчеҳра Холматова
Гулчеҳра Холматова

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъди хатми мурофиаи судӣ рӯзи 21-уми ноябр гуфт: “Шадидан норозӣ ҳастам ва ба президенти Тоҷикистон шикоят мебарам. Фарзанди ман ҳеҷ гуноҳе надошт ва ҳеҷ кирдори номатлуб накардааст. Бар асари латту кӯби кормандони милиса маҷбур ба гардан гирифтааст. Чаро бояд маҳкум ба зиндон шавад? Додгоҳ ҳеҷ раҳме ба фарзанди ман накард”.

Дар ҳоле ки гумонбарон дар ҷараёни тафтиши парванда ба шиканҷа шуданашон аз ҷониби ходимони пулис шикоят карданд, ин қазия мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Танҳо Додситонии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, пас аз муроҷиати вакили мудофеи се айбдоршаванда Гулчеҳра Холматова оид ба санҷиши шиканҷаи боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи муваққат ду корманди бахши зудамали ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур барканор карда шудаанд.

Наздикони маҳкумшудаҳо
Наздикони маҳкумшудаҳо

Гулчеҳра Холматова рӯзи 21-уми ноябр гуфт, бо ҳукми додгоҳи Шоҳмансур розӣ нест ва ҳатман аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунад. Заррина Исломова, модари Насимҷон Кукиев мегӯяд, фарзанди ӯ маводи мухаддирро қочоқ намекард, вале як маротиба истеъмол намудани ҳашиш аз тарафи фарзандашро эътироф мекунад. Вай афзуд, айбе, ки нисбат ба фарзанди ӯ эълон карданд, ба аъмоли ӯ иртибот надорад: “9 моҳ бегуноҳии фарзандамро собит кардам. Тафтишот ва додситониву додгоҳ ба эътибор нагирифтанд. Муфаттиш ҳар навъе, ки дилаш хост, навиштаст, вале воқеият ин тавр нест”.

Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликов, ки қазияашон соли ҷорӣ пайваста мавриди таваҷҷӯҳи матбуот буд, дар мурофиаи рӯзи 7-уми апрел ба додрас гуфтаанд, ки ҷараёни тафтишу баррасии қазияи онҳо бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил шуд. Инро вакилони дифоъ ва пайвандони онҳо ҳам таъкид мекунанд.

Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, мавзӯи шиканҷа дар боздошт ва ҷараёни эътирофи гуноҳ аз мушкилотест, ки мавриди нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар қарор дорад. Созмони Amnesty International дар як гузоришаш гуфтааст, то ҳол дар Тоҷикистон усул ё механизми бозрасии мавридҳои шиканҷа ва бадрафторӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯз Тоҷикистон Протоколи факултативӣ ба Конвенсия алайҳи шиканҷаро ҳам тасвиб накарда ва аз таъсиси механизми миллии пешгирӣ сарпечӣ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз нишондодҳои вазъи ҳуқуқи башар ҳимоят карда, мегӯянд, дар сурати расидани шикоят мунсифона баррасӣ мешавад. Аз сӯи дигар, бархе вакилони дифоъ мегӯянд, ки собит кардани ҳодисаҳои шиканҷа дар додгоҳ кори осон нест, чунки низоми додгустарӣ дар баррасии чунин қазияҳо бетараф нест ва ҳам сабти осори шиканҷа дар тани инсон бо сабаби адами дастрасии гумонбари боздоштшуда ба табибу экспертизаи судӣ номумкин аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG