Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми се сокини ноҳияи Ёвон, ки гуфтанд шиканҷа шудаанд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе се сокини ноҳияи Ёвонро ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ кард. Бино ба ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 21-уми ноябр эълон шуд, ​Ҷонибек Сайфиддинов ҳаштуним сол ва Насим Кукиеву Ёсин Меликов ҳаштсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Алайҳи онҳо тибқи моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо маслиҳати пешакӣ" парванда боз шуда буд.

Ин афрод дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ҷараёни тафтишу баррасии қазияи онҳо бо нақзи ҳуқуқ анҷом шуд ва эътирофи гуноҳ таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG