Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз рӯи ҳамсоякишвари Қазоқистон ба СММ шикоят бурд


Миргул Молдоисоева
Миргул Молдоисоева

Намояндагии доимии Қирғизистон дар Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узви созмонро аз вазъи бӯҳронии марзи кишвараш бо Қазоқистон огаҳ кард.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин мавзӯъ рӯзи 17 ноябр дар доираи кори кумитаи дувуми Маҷмаи умумии созмон баррасӣ шуд.

Намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ Миргул Молдоисоева ҳангоми баррасии Қатъномаи "Чораҳои якҷонибаи иқтисодӣ ҳамчун василаи фишори сиёсиву иқтисодӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд”, гуфт, ки ҷониби Қазоқистон аз 10 октябр дар марз барои равуои озоди мусофирону воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли мол монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.

Дар қатънома омадааст, ки ягон кишвар ҳақ надорад, ба хотири тобеъ кардани кишвари дигар аз чораҳои якҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ кор бигирад.

Вокуниши Қазоқистон дар ин бора то ҳол дастрас нашудааст.

XS
SM
MD
LG