Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости таҳқиқи ҷинояти эҳтимолии ҷанг дар Афғонистон


Фату Бенсуда
Фату Бенсуда

Фату Бенсуда, додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг, хостааст, ки барои таҳқиқи ҷинояти ҷанг ва зидди башарият дар Афғонистон иҷоза дода шавад. Бесуда дархости худро рӯзи 20-уми ноябр матраҳ кард. Вай дар иртибот бо чунин ҷиноятҳои эҳтимолӣ дар Афғонистон ҷунбиши Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ, нирӯҳои амниятиву пулиси афғон ва, инчунин, нирӯҳои амрикоиро муттаҳам намуд. Бесуда гуфт, ки дар сурати дарёфти муҷаввиз таҳқиқ бетарафона сурат хоҳад гирифт.

“Аз додрасҳо хостам, то таҳқиқро дар мавриди он ҷароими ҷанг ва зидди башарият оғоз кунанд, ки дар чаҳорчӯби ҷанги кунунӣ дар Афғонистон рух додааст. Вазъияти Афғонистон аз соли 2006 то кунун таҳти баррасии ибтидоии дафтари мо қарор дошт. Пас аз баррасиҳои дақиқ ва эҳтиёткорона аз маълумоте, ки барои ин дафтар расидааст, ба хулосае расидам, барои баррасии вазъият ниёз ҳаст ва барояш далелҳои кофӣ ҳам вуҷуд дорад”, - гуфт ӯ.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтанд, ки ин дархостро баррасӣ мекунад, аммо ба дахолати додгоҳ дар қазияи Афғонистон мухолифанд. Вазорати умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, “таҳқиқоти Додгоҳи байналмилалӣ дар робита бо нирӯҳои Амрико комилан ғайримунсифона аст. Ин таҳқиқоти пешниҳодӣ на ба манфиати сулҳ ва на адолат дар Афғонистон аст.”

Мақомоти Афғонистон ва ҷунбиши Толибон то ба ҳол ба ин дархост вокунише накардаанд.

Ин бори дувум аст, ки додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг барои таҳқиқ аз ҷиноятҳои ҷанг дар Афғонистон дархост мекунад. То кунун ҳеҷ таҳқиқи байналмилалӣ дар мавриди рухдодҳо ва вуқӯи ҷиноятҳои ҷанг дар Афғонистон сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG