Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ҳазор сомонӣ ҷарима - барои трактори сиёҳшиша


Раёсати бозрасии давлатии вилояти Хатлон як ҷавонро барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои трактораш ҷарима кардааст. Зоир Ҳайитов, ронадаи трактори тамғаи “Т28” муваззаф ба пардохти се ҳазор сомонӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр хабар дод, ки ҳафтаи гузашта ин ронандаи трактор ҳангоми як рейд дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа боздошт шуд. Ба гуфтаи манбаъ, Ҳайитов далели сиёҳшиша кардани тракторашро ба кораш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, ҳангоми шудгор чашмонашро офтоб мезанад, аз ин рӯ хост, тирезаҳои тракторашро сиёҳ кунад.

Дар Тоҷикистон бе пардохти боҷи давлатӣ сиёҳ кардани шишаи воситаҳои нақлиёт иҷоза нест. Соли 2009 ба соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки бо супурдани 2 то 3 ҳазору 200 сомонӣ вобаста ба навъи нақлиёт шишаҳои сиёҳро истифода кунанд.

Барои нақзи қонун то 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG