Кумитаи давлатии амнияти миллии Беларусия (КГБ) гуфт, ки журналисти украиниро бо ҷурми ҷосусӣ боздошт кард ва афзӯд, ки ӯ ходими истихборот аст.
Дар як изҳорот, ки рӯзи 20 ноябр пахш шуд, КГБ гуфт, ки Павло Шаройко рӯзи 25 октябр боздошт шуд.
Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки се рӯз пеш Сергей Томиленко, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Украина, Шаройкоро хабарнигори Радиои Украина муаррифӣ кард ва озодии ӯро талаб намуд.
КГБ-и Беларусия Павло Шаройкоро агенти Департаменти истихбороти Вазорати дифои Украина хонд, ки ба гуфтаи ин ниҳод таҳти пӯшиши рӯзноманигорӣ кор мекард.
Ба иддаои КГБ, Шаройко эътироф кардааст, ки шабакаи агентҳоро дар Беларусия таъсис дода, дар бораи фаъолияти соҳаи низомӣ ва сиёсии Беларусия маълумот ҷамъ меовард. Дурустии ин эътирофро, ки дар паси панҷараи зиyдон дастрас шудааст, таъид кардан душвор аст.