Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои федератсия камбудиҳои қонуни "агенти хориҷӣ"-ро меомӯзад


Узви порлумони Русия Андрей Клишас

Шӯрои федератсияи Русия мегӯяд, муроҷиати шӯрои президентии ҳуқуқи инсон дар бораи қонуни матбуот, ки расонаҳои беруниро агентҳои хориҷӣ эътироф мекунад баррасӣ хоҳад кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар ин қонун чанд камбудиро ошкор кардааст.

Дар ин бора Андрей Клишас, раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии палатаи болоии порлумони Русия рӯзи 20 нобяр ба ба хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод.

Дар хулосаи Шӯрои ҳуқуқи инсон омадааст, ки лоиҳаи қонун расонаҳоро танҳо дар сурате ба агентҳои хориҷӣ баробар медонад, ки агар сармоягузори хориҷӣ дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шӯрои ҳуқуқи инсон, ҳамаи расонаҳои хориҷӣ аз сарчашмаҳои берунӣ маблағ дарёфт мекунанд. Илова ба ин, расонҳое, ки шомили рӯйхати агентҳои хориҷӣ мешаванд, уҳдадориҳои марбут ба созмонҳои иҷтимоии "агентҳои хориҷӣ".

15 ноябр Думаи давлатии Русия тағйирот ба қонун "Дар бораи расонаҳо"-ро дастаҷамъона қабул кард. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки расонаҳои берунӣ ҳамчун "агенти хориҷӣ" эътироф шаванд. Москва эътироф мекунад, ки тағйироти мазкур дар посух ба сабти ном шудани шабакаи телевизионии "Раша тудей" дар ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ", қабул гардидааст. Худи ҳамон рӯз вазорати адлияи Русия ба Радиои Озодӣ ва дигар лоиҳаҳои ин радио дар Русия дар бораи эҳтимолан маҳдуд шудани фаъолиятҳояшон огоҳӣ фиристод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG