Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъд Ҳарирӣ аз Саудӣ ба Фаронса рафт


Саъд Ҳарирӣ
Саъд Ҳарирӣ

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, рӯзи 18-уми ноябр аз Арабистони Саудӣ ба Фаронса рафт. Дар ин бора шабакаҳои телевизионии Лубнон, аз ҷумла “ал-Мустақбил”, вобаста ба хонаводаи Ҳарирӣ, хабар доданд.

Дар навори телевизионҳои Лубнон дида шуд, ки Саъд Ҳарирӣ аз мошин берун омада, ба хонае дар Порис ворид гардид. Худи ӯ бо хабарнигорон ҳеч суҳбат накард.

Нахуствазири Лубнонро ҳамсараш Лара ал-Азм ҳамроҳӣ дорад. Аммо дар навори телевизионҳо ҳеҷ фарзандаш намоиш дода нашуд.

Ҳарирӣ рӯзи 4-уми ноябри имсол, дар ҳоле ки дар Арабистони Саудӣ буд, аз мақомаш истеъфо дод. Аммо раиси ҷумҳури Лубнон ин истеъфои ӯро напазируфт. Вай гуфт, ки ин истеъфои Саъд Ҳарирӣ бар хилофи хостҳояш будааст ва дар ин кор Арабистони Саудиро муттаҳам кард.

Пеш аз сафари Саъд Ҳарирӣ ба Порис ин сарусадо низ пахш шуд, ки гӯё ӯ дар Риёз боздошт шудааст. Хабаргузории Фаронса навишт, Саъд Ҳарирӣ дар Твиттери худ хитоб ба вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, “инки гуфта шуда буд, бар хилофи майлам дар Арабистон нигоҳ дошта шудам ва иҷозаи берун рафтанро надорам, дурӯғе беш нест. Дар роҳ ба самти фурудгоҳ ҳастам.”

Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи 17-уми ноябр гуфт, ки Саъд Ҳарирӣ бар хилофи майлаш дар Арабистон аст ва иҷозаи хуруҷ надорад.

XS
SM
MD
LG