Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳазор сарбози Амрико ба Афғонистон расиданд


Нерӯҳои Амрико дар вилояти Ҳилманд.
Нерӯҳои Амрико дар вилояти Ҳилманд.

Амрико бар асоси стротегияи нав барои Афғонистон ба ин кишвар 3 ҳазор сарбози иловагӣ фиристодааст. Дар ин бора вазорати дифои Амрико рӯзи 16-уми ноябр хабар дод.

Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон 11 ҳазор сарбоз дошт ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп моҳи август амр дод, ки барои тамрини сарбозони афғон ва кӯмак ба онҳо, теъдоди низомиёни Амрико зиёдтар карда шавад.

Кеннет Маккензи, як афсари баландмақоми Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки ирсоли нерӯҳои изофӣ ба Афғонистон такмил шудааст. Ҳоло дар Афғонистон 14 ҳазор сарбози хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Ба қавли ӯ, барои кӯмак ба Афғонистон 16 ҳазор сарбоз лозим доранд ва кишварҳои узви НАТО аҳд додаанд, ки нерӯҳои иловагӣ эъзом мекунанд.

Бо вуҷуди суқути Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон солҳои ахир ҳамлаву бомбгузориҳои онҳо дар ин кишвар зиёдтар шудааст.

XS
SM
MD
LG