Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико қонуни Думаро "мояи нигаронӣ" номид


Ҷон Ҳантсман
Ҷон Ҳантсман

Сафири Амрико дар Русия ба нишони ҳимоят аз матбуоти амрикоӣ ба дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав омад, ки мумкин аст, қонуни нав ба мақоми он Русия таъсир гузорад.

Ҷон Ҳантсман рӯзи 17-уми ноябр гуфт, ки қонуни нав “мояи нигаронии бузург” аст. Вай афзуд: "Ман барои он дар инҷо ҳастам, ки мо Амрико бовар дорем, озодии матбуот, шаффофият, як таркиби фавқуллода муҳим барои ҷомеаи муввафақ ва демократӣ аст."

Ҷон Ҳантсман гуфт, ҳарчанд Маскав қонуни Думаро, посухи баробарвазн ба амалкарди Амрико нисбат ба телевизиони Русияи имрӯз меномад, вале ин гуфта дуруст нест.

Думаи давлатии Русия аз ин пештар қонунеро қабул кард, ки аз расонаҳои хориҷӣ талаб мекунад, худро ба ҳайси маъмури хориҷӣ дар кишвар сабт кунанд.

XS
SM
MD
LG