Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алмосбек Отамбоев бо даъвати Путин ба Русия рафтааст


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 17-уми ноябр дар доираи як сафари корӣ озими Русия шуд. Дар ин бора дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон иттилоъ дод.

Отамбоев дар ҷараёни ин сафар дар ифтитоҳи Форуми VI байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург иштирок хоҳад кард. Ин маросим дар саҳнаи нави театри Мариинский баргузор мешавад.

Инчунин, қарор аст, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.

Раҳбарони ду кишвар 8-уми ноябр бо ҳам телефонӣ суҳбат карда буданд. Онҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону Русия ва иҷрои тарҳҳои муштаракро баррасӣ карданд. Он замон Путин Отамбоевро даъват кард, ки дар форум ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG