Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон аз хабарнигори "Озодӣ" хостанд, "аз хонааш набарояд"


Султон Очилова.
Султон Очилова.

Ба хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ишқобод Солтан Очилова бори дигар таҳдид карданд, ки муҷозот хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин рӯзноманигори 68-солаи туркман, ӯро нахуст таъқиб карда ва баъдан ошкоро гуфтаанд, ки дар хона бинишинад ва дигар акс нагирад.

Очилова мегӯяд, 14 ноябр вақте ба истгоҳи автобус дар маҳаллаи "Сулҳ-7" мерафт, дид, ки мошини сиёҳе бо рақамҳои AS 42-80-AH вайро таъқиб мекунад ва замоне, ки ба автобус нишаст, як мусофири он мошин низ пиёда шуда, аз пушти ӯ вориди автобус шуд. "Ҷавони сабзинаи тахминан 25-30 сола буд ва нимтанаи сиёҳ дошт", - гуфт Очилова.

Ба гуфтаи хабарнигор, ин афрод ӯро то маркази иттилоотии сафорати Амрико дар Туркманистон таъқиб карда, то баромаданаш аз онҷо пушти дар мунтазир мондаанд. "Аз марказ баромада ба тарафи фурӯшгоҳи "Каракум" дар кӯчаи Андалеп рафтам ва хостам, навбатпоиҳо барои харидани равғанро акс гирам, яке аз онҳо фарёд зад, ки акс нагир! Сипас ба наздам омада, суханҳои қабеҳ гуфт", - изҳор дошт Очилова.

"Ҳамлагар дод мезад, ки агар як бори дигар дастгоҳи аксбардориро гирифта, ба берун мебароӣ онро ҳамроҳи худат пора-пора хоҳам кард. Ӯ ба ҷое занг зада, баъдан гуфт, ки рост ба хонаат бираву дигар набаро. Агар баромадӣ, мурдӣ", - гуфт Очилова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Моҳи ноябри соли 2016 ҳам Солтан Очилова се бор мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифта буд. Созмони ҳомии ҳуқуқи "Ҳюман Райтс Вотч" 25 октябр бо нашри як изҳорот таъқибу таҳдиди Очиловаро маҳкум карда, ҳамла ба рӯзноманигорро "кӯшиши тарҳрезишуда барои хомӯш кардани садоҳои интиқодӣ" номид.

XS
SM
MD
LG