Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия барои интиқоли $527 миллион ба Эрон омода мешавад


Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф - корманди хайрияи Британия
Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф - корманди хайрияи Британия

Нашрияи "Telegraph" менависад, ки ҳукумати Британия барои интиқоли беш аз 400 миллион фунт стерлинг ($527 миллон) ба Эрон омодагӣ мегирад. Мавзӯи интиқоли маблағ дар ҳолест, ки Британия роҳҳои озодии корманди хайрия Нозанин Зағорӣ- Ратклиффро, ки Эрон ӯро ба муддати 5 сол зиндонӣ кардааст, ҷустуҷӯ дорад.

Дар заминаи баҳси созиши силоҳ дар солҳои 70-ум Британия аз Эрон қарздор аст ва ҳоло машварати ҳуқуқӣ мегирад, ки оё метавонад ин маблағҳоро ба Эрон интиқол диҳад.

Нашрияи "Telegraph" бо такя ба манобеи пӯшидаи ҳукумати Британия ва дипломатҳо мегӯяд, ки Лондон намехоҳад интиқоли маблағро мустақиман ба раҳоии Нозанин Зоғарӣ- Ратклифф пайванд диҳад.

Аммо манбаҳо мегӯянд, ки дар пасманзари талошҳои озодии ин корманди хайрия, Британия мехоҳад "ҳусни ният"-и Эронро ба даст биёрад.

Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон, қавл дод, ки барои раҳоии Нозанин Зағорӣ- Ратклифф, ки соли 2016 дар Теҳрон боздошт ва бо ҷурми "тавтеа барои сарнагун кардани эстеблишменти рӯҳонии Эрон" барои панҷ сол аз озодӣ марум шуд, аз тамоми чораҳо кор мегирад.

Нозанин Зағорӣ-Ратклифф, ки мудири тарҳи "Tomson Reuters Founadion" аст, иттиҳомро рад мекунад.

Боздошти Эрониёни дорои душаҳрвандӣ, бо шумули Зағорӣ- Ратклифф, ҳамчун талоши Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон барои заиф кардани президент Рӯҳонӣ ва ҷилавгирӣ аз раванди рушди равобит бо Ғарб арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG