Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардери рус тасвири да Винчиро бо маблағи рекордӣ фурӯхт


Миллиардери рус Дмитрий Риболовлев
Миллиардери рус Дмитрий Риболовлев

Тасвири Леонардо да Винчӣ “Наҷотдиҳандаи ҷаҳон”, ки ба миллиардери рус Дмитрий Риболовлев тааллуқ дорад, дар музоядаи Christie's-и Амрико бо маблағи рекордии 450 миллион доллар ба фурӯш рафт. Дар ин бора сомонаи музояда рӯзи 15-уми ноябр хабар дод.

Тасвири Исои Масеҳ бо либоси давраи эҳё ҳудудан дар соли 1500 навишта шудааст. Ин тасвир яке аз 20 тасвири да Винчӣ аст, ки дар коллексияи хусусӣ буд ва солҳо боз гумшуда ба шумор мерафт.

Дмитрий Риболовлев ин тасвирро соли 2013 ба маблағи 127 миллион доллар харида буд.

Бино ба маълумоти Forbes, Риболовлев дар рӯйхати бойтарин одамони Русия ҷойи 15-умро ишғол мекунад. Дороии ӯ 7,3 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. То соли 2010 ӯ молики аслии "Уралкалия" буд. Ҳоло Риболовлев соҳиби клуби футболи "Монако" ва бузургтарин бонки Кипр - Bank of Cyprus аст.

XS
SM
MD
LG