Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамсари президенти Зимбабве аз кишвар фирор кард


Роберт Мугабе ва Грейс Мугабе

Грейс Мугабеи 52-сола, ҳамсари президенти Зимбабве, ба дунболи ғасби ҳукумат аз тарафи низомиён ба хориҷ фирор кардааст. Дар ин бора шабакаи телевизиони Би-би-сӣ рӯзи 16-уми ноябр хабар дод. Бино ба иттилои тасдиқношуда, Грейс Мугабе ба Намибия рафтааст.

Президенти Зимбабве Роберт Мугабеи 93-сола, ки аз соли 1980 қудратро дар даст дорад, феълан дар ҳабси хонагӣ буда, эҳтимол рӯзҳои наздик истеъфо диҳад.

Низомиён танку зиреҳпӯшҳоро дар нуқтаҳои муҳими Ҳараре, пойтахти Зимбабве, мустақар карданд ва садои тирпарронӣ низ шунида мешуд. Бино ба хабарҳо, чанд вазири ин кишварро ҳам дастгир кардаанд.

Низомиёне, ки ҳукуматро ғасб карданд, мегӯянд, қасди табаддулоти давлатиро надоранд ва танҳо "ҷинояткорон"-и атрофи президентро дастгир кардаанд. Онҳо ҷонибдорони Мугаберо дар мушкилоти иқтисодии Зимбабве айбдор мекунанд.

Мугабе ҳафтаи гузашта ноиби раиси ҷумҳур Эммерсон Мнангагваро дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор ва аз мақом барканор кард. Мнангагваро вориси эҳтимолии Мугабе меномиданд ва ӯ аз ҳимояти артиш низ бархӯрдор буд. Гуфта мешавад, ки маҳз барканории ӯ ба буҳрон сабаб шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG