Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш: Тавлиди афюн дар Афғонистон ба сатҳи рекордӣ расид


Марди афғон дар киштзори кукнор. 30-юми апрели соли 2017

Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки истеҳсоли афюн дар Афғонистон 87 дарсад боло рафт ва дар соли 2017 ба сатҳи рекордии 9 ҳазор тонна расид. Маълумоти ахир дар гузориши Вазорати Афғонистон дар умури мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки рӯзи 15-уми ноябр нашр шуд.

Афғонистон кишвари аслии истеҳсолкунандаи кукнор дар ҷаҳон аст, ки аз он афюн ва ҳероин тавлид мекунанд. "Вақти он расидааст, ки Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдро ба назорат аз рӯи маводи мухаддир тағйир диҳанд ва эътироф кунанд, ки ҳар як давлат дар баробари ин мушкилоти ҷаҳонӣ масъулият дорад", - гуфт Юрий Федотов, мақоми аршади Идораи СММ дар умури Маводи мухаддир ва Ҷиноят - UNODS дар як изҳорот, ки қабл аз ироаи пажуҳиши ахир пахш шуд.

Пажуҳиш мегӯяд, ки соли равон 750 гектар замини кишти кукнор маҳв карда шуд, ки ин ду баробар бештар аз соли 2016 буд. Аммо кишт акнун 328 ҳазор гектар заминро фаро гирифтааст, ки дар муқоиса бо 201 ҳазори соли гузашта 63 дар сад бештар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG