Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар Калифорния панҷ кушта ба ҷой гузошт


Рӯзи сешанбеи 14 ноябр дар шаҳраки Ред-Блафф, воқеъ дар шимолу ғарби Калифорния, як ҷинотякори мусаллаҳ бо камон ва таппонча ба сӯи муассисаҳои атроф, бо шумули мактаби ибтидоӣ тир кушод. Дар натиҷа чаҳор нафар, бо шумули худи ҳамлагар кушта ва даҳҳо тани дигар, аз ҷумла ду кӯдак маҷруҳ шуданд.

Мақомот номи қотил ва ангезаҳои ҳамлаи ӯро ошкор накардаанд. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ аз сокинони маҳаллӣ буда, ҷиноят эҳтимолан дар пайи ҷанҷол бо ҳамсояҳо сар задааст. Ҳамлагар, савори мошини рабудашуд ба сӯи ҳадафҳои тасодуфӣ тир холӣ мекард. Ӯ дар маҷмуъ дар ҳафт маҳали мухталаиф тирпарронӣ кард. Ҳадафи дуюм мактаби ибтидоии ҳамин шаҳрак буд, ки ҷинояткор сарсахтона мехост ба он ворид шавад.

Ҳодиса ҳудуди 45 дақиқа давом кард, Ба гуфтаи ҳамсояҳои ҳамлагар, онҳо қаблан дар бораи ин мард ба пулис гузориш дода буданд.

Дар Ред-Блафф робитаи мобилӣ тақрибан вуҷуд надорад ва сокинони маҳаллӣ ҳодисаро аз гуфтугӯҳои гурӯҳии Фейсбук шуниданд.

XS
SM
MD
LG