Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон исбот кард, ки шаробсозӣ ҳашт ҳазор сол пеш вуҷуд дошт


Фаронса: Намоишгоҳе таҳти унвони "Гурҷистон гаҳвораи тавлиди шароб"

Аввалин шаҳодати ангурпарварӣ ва шаробсозии ҷаҳон дар хумҳое дар Гурҷистон пайдо шуд, ки ба гуфтаи бостоншиносон 8 ҳазор сол умр дорад.

Академияи улуми миллии Амрико рӯзи 13-уми ноябр дар гузориши тозае гуфт, "ин ба маъноест, ки шаробсозӣ 1000 сол пештар аз ончӣ гуфта мешуд, вуҷуд доштаст". Муҳаққиқон гуфтанд, ки қаблан исботи кимиёвии шаробсозӣ ба солҳои 4500-5000-и пеш аз мелод рост меомад ва дар кӯҳҳои Зогроси Эрон ҷойгир буд.

Аввалин шароб дар ҷаҳон, тавре гуфта мешавад, 9000 сол пеш бо истифода аз биринҷ дар Чин омода шуд. Ба дунболи он шароби ангур дар Эрон ошкор шуд.

Ба гуфтаи пажуҳишгарон, бозёфти Гурҷистон ҳудуди шаш ҳазор сол пеш аз мелодро дар бар мегирад. "Ба назари мо, ин қадимтарин намунаи аҳл кардани ангури ваҳшии авруосиёӣ барои шаробсозӣ буд", - мегӯяд Стивен Батюк, ҳаммуаллифи гузориш ва ходими калони ислмии Донишгоҳи Торонто.

Гурҷистон низ аз ҳамин навъи ангур - Vitis vinifera истифода мекунад ва минтақаи аслии тавлиди шароб боқӣ монааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG