Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ветеранҳои истихборот мегӯянд, ки Путин Трампро "бозӣ медоронад"


Мулоқоти Трамп ва Путин дар Ветнам
Мулоқоти Трамп ва Путин дар Ветнам

Раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА (ЦРУ) Ҷон Бреннан ва собиқ раҳбари Истихбороти Миллӣ Ҷеймс Клеппер бар ин назаранд, ки агар Трамп ба суханони Путин дар робита ба даст надоштани ӯ дар умури интихоботи Амрико эътимод мекунад, пас ӯ намедонад бо кӣ сару кор дорад. Бреннан ва Клеппер рӯзи якшанбе дар барномаи хабарии CNN иштирок карданд. "Трамп ё аз ҳад беш сода аст, ё аз ин нигарон аст, ки Путин алайҳи ӯ маводи бадномкунанда дорад, ё аз ин метарсад, ки прокурори махсус Мюллер ӯро ба чизе муттаҳам мекунад - дар ҳар сурат шеваи робитасозии Трамп бо Маскав нодуруст аст", -гуфт Бреннан

Ба назари Клеппер, "бо меҳмоннавозиву таваҷҷӯҳи аз ҳад беш, ки Трамп хуш дорад, чиноиҳо ва русҳо ӯро моҳирона "бозӣ медоронанд". Рӯзи гузашта раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки Русия ба умури интихоботи Амрико дахолат накардааст ва ӯ ба самимияти Путин эътимод дорад. "Путин аз ин иттиҳомот худро таҳқиршуда медонад ва ин барои Амрико хуб нест",- таъкид кард Доналд Трамп.

Рӯзи шанбе ӯ Бреннан, Клеппер ва раҳбари пешини ЦРУ Комиро "сиёсатбоз" номид ва натиҷагирии дастаҷамъонаи истихборотро, ки Русия ба умури интихоботи соли 2016 -и Амрико дахолат кардааст, зери суол бурд. Аммо баъди рӯ ба рӯ шуданаш бо интиқоди шадид, Трамп ақиб нишаст ва рӯзи дигар гуфт, ба раҳбарони истихборот, ки худаш ба ин мақомҳо таъин кардааст, бовар дорад.

XS
SM
MD
LG