Пайвандҳои дастрасӣ

ДИ шаҳри Абу-Камоли Сурияро дубора тасарруф кард


Ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) рӯзи 12 ноябр шаҳри стратегии Абу-Камол, воқеъ дар ҷанубу шарқи вилояти Дайр-аз-Зури Сурияро дубора тасарруф карданд. Ин пирӯзии ҷангҷӯён рӯзи якшанбе, баъди ишғоли мавқеъҳои нирӯҳои режими Башор Асад ба даст омадааст.

Дар ин бора Маркази таҳлили ҳуқуқи инсон, қароргоҳаш дар Лондон хабар дод. Нирӯҳои ҳукумати Сурия зери фишори ҷангҷӯён, ки Абу-Камолро ба муҳосира гирифта буданд, ақибнишинӣ кардаанд. Бино ба хабарҳо, феълан, дар атрофи шаҳр задухӯрдҳои шадид идома дошта, нирӯҳои ҳукумати Сурия ва ҷонибдоронашон талош доранд, ки мавқеъҳои худро дубора бозпас гиранд.

Артиши Сурия рӯзи чаҳоршанбе бо дастгирии ҳампаймонони худ хати дифоии ДИ-ро дар Абу-Камол шикаста, вориди шаҳр шуданд ва охирин қалъаи бузургтарини ҷангҷӯёнро дар Сурия озод карданд.

Баъди ин пирӯзӣ, нирӯҳои ҳукуматӣ тоза кардани шаҳрро аз тундравон оғоз карданд. Як манбаъ аз минтақаи амалиёти низомӣ гуфт, артиши Сурия баъди вохӯрдан бо нирӯҳои Ироқ дар марз ҷангҷӯёни ДИ-ро дар як минтақаи васеъ ба муҳосира гирифтаанд.​

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG