Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алоқамандии Узбакистон барои ҳамкориҳои танготанг бо САҲА


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 9 ноябр дабири кулли Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингерро, ки дар доираи як сафар вориди шаҳри Тошканд шудааст, ба ҳузур пазируфт.

Мирзиёев дипломати швейтсариро ба муносибати интихобаш ба ин пурмасъулият табрик кард ва алоқамандии кишварашро барои ҳамкориҳои фаъолтар бо САҲА баён дошт.

Томас Гремингер дар Узбакистон дар конфронси байналмилалие ишторок хоҳад кард, ки қарор аст, ки дар шаҳри Самарқанд ҷараён дорад.

Гремингер ба гомҳои мунтазаму созандаи Узбакистон дар роҳи тақвияти муносибатҳо бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Афғонистон баҳои баланд дод ва изҳори боварӣ кард, ки натиҷаҳои конфронси бесобиқаи Самарқанд, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод дар ин минтақаи стратегӣ мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG