Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон гул парвариш мекунад.


Бонки миллии Тоҷикистон дар се марказҳои зери назараш гулҳои мавсимӣ ва павариши гулҳои садбаргро ба роҳ мондааст. Дафтари матбуоти ин бонк навиштааст, дар Маркази таълимии "Пуғус" дар Варзоб ва шаҳри Хуҷанд ва инчунин дар осоишгоҳи "Баҳористон" ва "Шоҳин" дар шаҳри Гулистон, ки ҳамагӣ ба Бонки миллӣ таалуқ доранд, парвариши гулҳо ва растаниҳои ороишӣ дар ҷараён аст.

Ба иттилои Хадамоти матбуот дар садад аст дар соли 2018 дар ин марказҳо 350 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва 67 ҳазор без гули садбарг парвариш кунад. Бар замми ин, Бонки миллӣ гуфтааст, то мавсими нави ниҳолшинонӣ, яъне баҳори соли 2018, сад ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 300 ҳазор ниҳоли гулҳои – катарантус, салвия, тагес ва виоларо омода хоҳад кард, ки “тибқи зарурат ба ноҳияиҳои атроф дастрас карда мешавад”.

Бонки милли нагуфтааст, ки оё ниҳоли гулҳо фурӯхта мешавад ва ё на, аммо дар гузашта ин бонк чандин аксҳои Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро ба нашр расонида буд, ки дар пой мӯза ба шинонидани дарахтони ороишӣ машғул буд. Дафтари матбуот мегӯяд, кормандон дар рӯзҳои ҳашар ва шанбегиҳо бо роҳбарии Нурмуҳамадзода ба нигоҳубини дарахтон ва растаниҳо машғул мешаванд.

То кунун дар чунин шанбегиҳо кормандон дар маркази таълимии "Пуғус" ва теппаҳои атрофи он 12 ҳазор ниҳоли санавбар, 801 адад қочи тяншонӣ 99 қочи кабудшинонидаанд дар мавсими тирамоҳӣ боз шинонидани 4 ҳазор бех ниҳолҳои санавбар дар назар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG