Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санадҳои парвандаи Текебоевро аз хонаи вакилаш ба яғмо бурданд


Омурбек Текебоев дар мурофиаи додгоҳӣ. 16 августи соли 2017
Омурбек Текебоев дар мурофиаи додгоҳӣ. 16 августи соли 2017

Санадҳои марбут ба парвандаи зидди раҳбари зиндонии ҳизби "Ота-Макон" - Омурбек Текебоевро аз хонаи вакили ӯ дар Бишкек дуздиданд.

Ин иттиҳом аз забони Қанот Ҳасанов - вакили Текебоев, рӯзи 7 ноябр, як рӯз баъд аз куштори бародари раҳбари дигари ҳизб, Аида Салянова садо дод.

Ҳасанов гуфт, ки соати 4-и саҳар, касе эҳтимол ба воситаи тирезаи ошхона ба манзили ӯ, воқеъ дар ошёнаи аввал вақте ворид шуд, ки аҳли хонавода дар хоб буданд.

Сухангӯи Вазорати дохилӣ Мира Абдуллоева гуфт, ки пулис ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор дод, аммо парванда боз нашудааст.

Омурбек Текебоев моҳи август бо ҷурми ришвахорӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Ӯ иттиҳомро рад кард ва ҷонибдоронаш гуфтанд, ки парвандаи тақаллуби ба хотири ҷилавгирӣ аз ширкати сиёсатмадор дар интихоботи раёсати ҷумҳур рӯи кор омад.

XS
SM
MD
LG