Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Paradise Papers: маълумоти "тарканда" нашр шуд


Консорсиуми байналхалқии пажуҳиши рӯзноманигорӣ маҷмуи санадҳои навро нашр кард. Ин маҷмуа аз рӯи ҳаҷм ва муҳтаво бо "Авроқи Панама" баробар аст.

Хабарнигорони консорсиум бо омӯзиши наздики 13,4 миллион ҳуҷҷатҳои махфӣ тарҳи саркашии мансабдорони баландпоя аз пардохти андозро ошкор кардаанд.

Натиҷаи пажуҳиш, ки номи "Авроқи биҳиштӣ" - ро гирифтааст, 5 ноябр нашр шуд. Пажӯҳиш ба робитаи мансабдорони баландпояи ҳукумати Доналд Трамп бо наздикони президенти Русия Владимир Путин ва баъзе мақомоти Қазоқистон низ рушанӣ меандозад.

Дар ин пажӯҳиш номи вазири тиҷорати Амрико Уилбур Росс зикр мешавад, ки бо ширкати Navigator Holdings-и бритониёӣ робитаи тиҷоратӣ дорад. Navigator Holdings дар навбати худ бо бузургтарин ширкати нафту кимиёии Русия "Сибур" ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора "Мавҷи Олмон" хабар медиҳад.

Телевизиони Би-би-си хабар дод, ки лорд Майкл Эшкрофт, муовини пешини раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё талош кардааст, аз пардохти андоз саркашӣ кунад. Гап дар бораи даҳҳо миллион фунт стерлинг меравад.

XS
SM
MD
LG