Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари додситони пешини Қирғизистон дар Бишкек кушта шуд


Хонаи Улан Салянов
Хонаи Улан Салянов

Бародари Аида Салянова, собиқ додситони кулли Қирғизистон ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, бо зарби тир дар хонааш ба қатл расид.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 6 ноябр гуфт, ки якчанд марди ниқобпӯш шабона ба манзили Улан Салянови 42-сола, воқеъ дар "Кок-Жар", як маҳаллаи навсохти Бишкек ҳамла бурданд ва ӯро ҳадафи тир қарор доданд. Вазорат ҷамбаи сиёсии кушторро рад кард ва гуфт, ки таҳқиқи қазия оғоз шудааст.

Куштор дар фосилаи камтар аз як моҳ баъди эълони ҳукми панҷсолаи зиндон алайҳи Аида Салянова сурат гирифт, ки ба суиистифода аз мақом муттҳам шуд ва додгоҳ иҷрои ҳукмро то бузург шудани кӯдаки худи Салянова боздошт.

Салянова - узви саршиноси ҳизби мухолифини "Ота-Макон", иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки қазияи ӯ ҷамбаи сиёсӣ дорад.

Мақомоти Қирғизистон Аида Саляноваро моҳи март, баъди боздошти раҳбари ҳизби "Ота Макон" - Омурбек Текебоев ҳадаф қарор доданд, ки аз рӯи парвандаи ба гуфтаи тадафдоронаш сохта, ба ришваситонӣ муттаҳам шуд.

Ҳизби "Ота-Макон" Омурбек Текебоев ба думболи боздошташ номзад ба мақоми президентӣ эълон кард. Аммо ӯ моҳи август барои 8 сол равонаи зиндон шуд.

XS
SM
MD
LG