Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари Техас шиносоӣ шуд


Волии Техас Грег Аббот гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи марде ба калисои деҳаи маҳаллӣ 26 нафар кушта шуд. Тирандозӣ субҳи 5 ноябр дар калисои Баптистӣ дар маҳаллаи Сазерланд Спринг рух дод, ки як куштори мудҳиш дар таърихи ин аёлат будааст.

Шаҳрак дар фосилаи 48 километрб дар ҷанубушарқи шаҳри Сан Антонио ҷойгир аст. Тирандозӣ баъди тахминан 20 дақиқаи шурӯи намозгузорӣ дар соатҳои 11:20-и субҳ оғоз шуд. Чанд хабаргузорӣ бо такя ба полис гуфт, ки ҳамлагар марди 26-солае бо исми Девин Патрик Келлӣ будааст.

Ин мард сокини Сан Антонио буда, ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои террористӣ ва ё ҷиноӣ иртиботе надоштааст. Бархе гузоришҳои иловагӣ ҳокист, ки ин мард замоне дар Нируҳои ҳавоии ИМА хизмат кардааст. Ҳамлагарро як мақоми маҳаллӣ ҳамчун “ҷавони сафедпӯст” тасвир кардааст, ки дар ҳудуди 20 сол дорад.

Як шоҳиди ҳодиса гуфт, ки дар дохили калисо 23 ҷасад ва дар берун 2 ҷасади дигар пайдо шуд. Як нафар дар роҳ ба бемористон даргузашт.

Чанде баъд ҷасади худи ҳамлагар бо нишонаҳои захми тир дар дохили мошинаш ошкор шуд. Президент Доналд Трамп хабари тирандозиро дар сафараш ба Осиё дарёфт ва онро як “тирандозии даҳшатнок” унвон кард.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG