Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими китоби Бердимуҳаммадов дар байни сокинони Тоҷикистон


Як китоби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раисиҷумҳури Туркманистонро ба сокинони ноҳияи Дӯстии Тоҷикистон тақсим кардаанд. “Туркменистан сегодня” – хабаргузории давлатии Туркманистон менависад, рӯзи 3-уми ноябр дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон китоби “Туркманистон- қалби шоҳроҳи Абрешим” дар қасри фарҳанги ноҳия муаррифӣ шуд ва сипас онро ба мардум ҳадя карданд.

Ба навиштаи оҷонсӣ, дар маросими муаррифӣ намояндагони ҳокмияти маҳаллӣ ва ҷамъияти туркмантаборони ноҳияи Дӯстӣ ширкат кардаанд. “Туркманистон- қалби шоҳроҳи Абрешим” дар 26-уми солгарди истиқлоли ин кишвари шӯравии собиқ навишта шудааст.

Бердимуҳаммадов дар ин китоб аз ҷумла навиштааст “туркманҳо дар ташаккул ва пойдор мондани Шоҳроҳи Абрешим нақши умда доштанд”. Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов, рӯзи 2-уми ноябр бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд ва сафараш рӯзи 3-уми ноябр хотима ёфт.

Дар ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷилликӯл беш аз 5 ҳазор туркмантабор сукунат доранд. Туркманҳои маҳаллӣ худро намояндаи ду қабила “такатуркман” ва “ҷой” медонанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба замми масъулияти идораи давлат мисли бархе аз раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ як “нависанда”-и хеле фаъол ба назар мерасад. Ба ҷуз аз мақолаҳо дар масоили иқтисодӣ, ӯ муаллифи 5 ҷилд китоб дар бораи рустаниҳои шифобахши Туркманистон, як китоби энсиклопедӣ дар бораи асппарварӣ ва таърихи аспи Ахалтекин, як китоби илмӣ дар бораи қолибофӣ буда, 2 шеър ва як повести бадеӣ бо номи “Мурғи бахт” ҳам нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG