Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон машқҳои низомии кишварҳои узви СПАД барпо мешавад


Дар Тоҷикистон рӯзҳои10 то 20 ноябр бо ширкати 5 ҳазор низомӣ машқҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи 2 ноябр раҳбари ситоди муштараки ин созмони низомӣ генерал-полковник Анатолий Сидоров хабар дод. Дар поёни ҷаласаи кумитаи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Брест рӯзи 2 ноябр ӯ гуфт, дар машқҳои низомие, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, техникаи зиёди низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва пойгоҳҳои мушакандоз истифода мешавад. Вай гуфт, ки машқҳо дар панҷ майдони ҳарбӣ баргузор шуда, охирин даври тамринҳои низомӣ дар соли 2017 хоҳанд буд. Ба узвияти ин паймони низомӣ Тоҷикистон, Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG