Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти истихбороти Амрико: Эрон ба "Ал-Қоида" кӯмак мекард


Ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизбуллоҳ
Ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизбуллоҳ

Хадамоти истихбороти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи сешанбе беш аз чорсад ҳазор сандаро пахш кард, ки нерӯҳои вежаи ИМА ҳангоми амалиёти соли 2011 аз пинҳонгоҳи Усома бин Лоден - раҳбари "Ал-Қоида" дар Покистон пайдо карданд.

Хадамоти итихбороти ИМА дар гузашта низ сандаҳои зиёдро аз бойгонии бин Лоден нашр карда буд. Ёфтаҳои ахир ақидаи ҷомеаи истихбороти Амрикоро тасдиқ мекунанд, ки бин Лоден то охирин моҳҳои зиндагиаш фармондеҳи воқеии "Ал-Қоида" буд. Ин сандаҳо ҳамчунин ба мухолифати байни "Ал-Қоида" ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" рушноӣ меандозанд.

Парванда дар як таҳлили 19 саҳифагӣ мегӯяд, ки равобити байни ҷиҳодиҳои суннӣ ва шиъа аз он чӣ интизор мерафт мураккабтар аст. Барои намуна, Теҳрон баъди оғози амалиёти зидди террористии ИМА дар Афғонистон, соли 2001, ба бахше аз тарафдорони бин Лоден аз ин кишвари ҳамсоя сарпаноҳ дод. Гузашта аз ин, Эрон ҷангиёни "Ал-Қоида" ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро бо пулу силоҳ таъмин мекард ва онҳо дар ҷавоб ба муассисаҳои ИМА дар Арабистони Саудӣ ва давлатҳои дигари Халиҷи Форс ҳамла мекарданд.

Аз сӯи дигар, бар поияи ин санадҳо, дар байни Теҳрон ва "Ал-Қоида" ихтилоф сар зад ва ба думбол бин Лоден дар як нома аз раҳбари Олии Эрон талаб кард, аъзои хонаводаашро, ки дар боздошти Теҳрон буданд, раҳо кунад. Ӯ ҳатто амри рабудани дипломати эрониро содир кард, ки баъдан ӯро бо яке аз фармондеҳонаш, ки дар асорати Эрон буд, иваз кунад.

XS
SM
MD
LG