Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Туркманистон ба Душанбе омад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон субҳи 2-юми ноябр бо як сафари дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Раиси ҷумҳури Туркманистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нахуствазир Қоҳир Расулзода ва дигар афроди расмӣ, истиқбол карданд.

Тибқи барнома, пас аз маросими расмии истиқбол, мулоқоти як ба яки президентон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон, дар Қасри Миллат баргузор шуду. Пас аз он музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳузури раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ҷараён гирифт. Дар назар аст, ки миёни ду кишвар ҳудуди 13 санад, аз ҷумла созишномаҳо дар бахши маориф, ҳамкориҳо дар бахши ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра ба имзо расанд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар мулоқоти як ба якаш бо Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ карда ва гуфт умедвор аст санадҳои имрӯз имзошаванда барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо такони ҷиддӣ хоҳад дод. Интизор меравад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркманистон барои журналистон изҳороти матбуотӣ диҳанд.

Зимнан, ин сафари чоруми расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар 9 соли раҳбариаш аст. Раиси ҷумҳури Туркманистон бори охир дар моҳи май соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд.

Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар дар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 92 миллионаш воридоти мол аз Туркманистон ба Тоҷикистон будааст. Тоҷикистон аз Туркманистон дар бештари мавориди гази моеъ ворид мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ Туркманистон барои Тоҷикистон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Нуктаи таъинкунанда барои равобити миёни Душанбе ва Ишқобод ин аст, ки ҳар гуна ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шароити хоси сиёсӣ вобаста нест. Яъне ба фарқ аз кишварҳои хориҷии дуру наздик Туркманистон барои анҷоми тарҳҳои иқтисодӣ, аз ҷумла тарҳҳои марбут ба ниёзҳои рӯзи Тоҷикистон назири энержӣ, сӯхт, бунёди роҳҳову масирҳо шартҳои сиёсӣ намегузорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG