Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи талоши дастдарозии як мард ба духтарчаи 10-сола дар Душанбе


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи талоши дастдарозии як мард ба духтарчаи 10-сола дар Душанберо шурӯъ кардааст. Дар ин бора се рӯзи пеш падари ин духтарча ба мақомот шикоят бурда буд. Умарҷони Эмомалӣ сухангуи ин вазорат 31-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорат шикояти ин падарро ҳамчун “ҳодисаи бадахлоқона” сабт карда, "ҳоло пулис минтақаи ҳодисаро таҳқиқ мекунанд".

Набӣ Юсуфов як корбари шабакаи "Фейсбук" аз талоши дастдарозии марди ношиносе ба духтараш хабар дод. Ин падар навишт, ки духтари 10-солааш дар дохили бинои истиқомати мавриди ҳамлаи марде қарор гирифтааст, ки мехост ба ӯ дастдарозӣ кунад. Ба гуфтаи Юсуфов, духтараш бо куфтани дари ҳамсоя ва шунидани овози қуфли дар тавонистааст аз чанги ин мард раҳо шавад. Ҳоло ба таъкиди ин падар, духтараш бо гузашти чанд рӯз аз ҳолати шок берун шуда, акси “марди гумонбар”-ро тасвир кардааст.

Қонунҳои Тоҷикистон педофилия ё озори ҷинсии кӯдаконро ҳамчун ҷинояти сангин арзёбӣ мекунад ва барои муҷримон аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Афзоиши озори ҷинсии кӯдакон як мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли охир 48 ҳодисаи таҷовуз ба номуси кӯдакон сабт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG