Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораи Ҳолливуд Кевин Спейсӣ тамоюлаш ба ҳамҷинсгароиро эълон кард


Кевин Спейси

Ҳунарманди шинохтаи амрикоӣ Кевин Спейсӣ ҳамҷинсгаро буданашро расман эълон кард. Спейсӣ дар саҳифаи твиттераш навишт, ки атрофиёнаш ҳамеша "бисексуал" буданашро медонистанд ва ҳоло ӯ ба мардҳо тарҷеҳ медиҳад. "Мехоҳам инро содиқона ва ошкоро бигӯям"- гуфт ҳунарманд.

Кевин Спейсӣ дар ҳоле тамоюлаш ба ҳамҷинсгароиро эълон кард, ки актер Энтонӣ Репп ӯро ба дастдарозӣ дар соли 1986 муттаҳам мекунад. Рэпп гуфтааст, ки ӯ он замон 14 сола буд. Ба гуфти Рэпп, ин ҳодиса баъди як шабнишинӣ дар хонаи Спейсӣ замоне рух дод, ки ҳамаи меҳмонон пароканда шуданд. Кевин Спейсӣ гуфт чунин ҳодисаро ёд надорад, аммо аз Рэпп узр пурсид.

Ҳафтаҳои ахир ҷанҷолу фошкориҳо дар атрофи дастдарозии ҷинсӣ дар соҳаи синамо ва шоубизнес рӯи об баромад. Моҳи октябр якбора даҳҳо зан яке аз бонуфӯзтарин коргардонҳои Ҳолливуд - Ҳарвӣ Вайнштейнро ба дастдарозӣ ба номус ва таҷовуз муттаҳам карданд. Коргардонро аз Академияи синамои Амрико ронданд ва пулис аз рӯи аъмоли ӯ тафтиш оғоз кард.

Кевин Спейсӣ дар даҳҳо филм нақшҳои хотирмон офаридааст. Ӯ ду дафъа ба ҷоизаи "Оскар" сазовор шуд ва сериали "Хонае аз кортҳо", ки дар он Спейсӣ нақши аосиро мебозад, дар Netflix ба намоиш даромад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG