Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юкиа Амано барои баррасии созиш ба Теҳрон рафт


Юкиа Амано
Юкиа Амано

Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии энержии атомӣ вориди шаҳри Теҳрон шуд, то бо мақомоти Эрон дар бораи иҷрои созиши атомии соли 2015 аз тарафи ин кишвар гуфтӯгу кунад.

Айни замон мухолифати Амрико ба созиши атомӣ бо Эрон, ояндаи ин санади муҳимро зери суол бурдааст. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи 25-уми октябр гуфт, мудири оҷонс “ба иҷрои созиш аз тарафи Эрон ва назорати иҷрои он” тамаркуз мекунад.

Сафари Юкиа Амано ба Теҳрон дар ҳоле сурат мегирад, байни Амрикову Эрон дар бораи созиш авҷ гирифтааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико созиши атомии Эрон бо 6 қудрати ҷаҳониро тасвиб накард.

Ӯ дар як суханронӣ дар рӯзи 13-уми октябр Эронро “режими саркаш” номид ва таҳдид кард, ки аз “созиши ноқис” даст мекашад. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти байналмилалӣ ба зидди онро аз байн бардоштанд.

XS
SM
MD
LG