Ҳукумати Испания мудирияти мустақими вилояти Каталонияро ба даст гирифт ва раҳбарони ҷудоиталаби ҳукумати онро аз мақомҳояшон барканор кард. Қарори ҳукумат чанд соат баъд аз он ҳукми иҷро гирифт, ки порлумони минтақавии Каталония инҷоро ҷудо аз Испания ва мустақил эълон кард.
Нахуствазири Испания Мариано Рахой, ки ҳоло мудирияти Каталонияро ба даст гирифтааст, порлумони минтақавиро пароканда кард. Ӯ ҳамчунин интихоботи ҳукумати нав дар минтақаро рӯзи 21-уми декабр таъйин кард.
Мақомоти Каталония то кунун ба қарори ҳукумати Испания вокуниш нишон надодаанд. Бар асоси қарори ҳукумат, ҳамчунин раиси пулиси минтақаи Каталония Ҷозеф Луис Траперо низ аз мақомаш сабукдӯш шудааст.
Айни замон амалкардҳои Траперо тафтиш мешавад, чун ӯро ба фитнангезӣ муттаҳам мекунанд. Вай гӯё дар рӯзҳои пурталотуми тазоҳуроти ҳазорон нафар аз тарафдорони истиқлол дар Каталония ба маъмурони пулис кӯмак накардааст.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи олии Испания Ҷозеф Луис Трапероро аз ҳаққи хориҷ шудан аз Испания маҳрум кард ва шиносномаашро гирифт. Ӯро боздошт накардаанд.
Баъди раъйпурсии рӯзи 1-уми октябр дар Каталония ҳазорон нафар ба маркази шаҳри Барселона рехтанд ва аксарияташон хостанд, парчами Испания аз болои қароргоҳи ҳукумати Каталония барканда шавад. Садҳо нафар аз мухолифони ҷудоиталабон низ бо парчами Испания дар даст ба кӯчаҳо рехтанд.
Бӯҳрон дар Испания баъди раъйпурсие ба вуҷуд омад, ки ҷудоиталабони Каталония баргузор карданд. Ҳукумати Испания онро ғайриқонунӣ номид, Иттиҳодияи Аврупо ҳам. Амрико гуфтааст, ки Каталония ҷузъи ҷудонопазири Испания аст ва Вашингтон тарафдори иқдомоти ҳукумати Испания барои ҳифзи ягонагии кишвар аст.
Бисёре аз 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар сурати ҷудо шудани Каталония мумкин аст, тамоюлҳои ҷудоиталабӣ дар дигар кишварҳо зиёд шавад.
Каталония, сарватмандтарин минтақаи Испания аст ва 7.5 миллион нафар аҳолӣ дорад. Аз асри 15 ба ин тараф бахши Испания ҳаст, вале тамоюлҳои ҷудоиталабӣ дер боз дар он вуҷуд доштанд.