Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба фармони гузаштан ба алифбои лотинӣ имзо гузошт


Замимаи фармони Назарбоев барои гузаштан ба алифбои лотинӣ
Замимаи фармони Назарбоев барои гузаштан ба алифбои лотинӣ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст. Фармони Назарбоев дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр шуд.

Фармони Назарбоев ҳукумати Қазоқистон вазифадор кард, ки барои гузаштан ба алифбои лотинӣ комисияи миллӣ таъсис диҳад ва гузариши комил ба ҳуруи лотиниро то соли 2015 таъмин кунад.

Президенти Қазоқистон ҳанӯз моҳи январи соли 2017 дастур дода буд, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ алифбои нави қазоқиро то охири сол таҳия кунанд. Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд.

Қазоқистон наздики 80 сол пеш ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шӯроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотинӣ ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик баргардонд.

XS
SM
MD
LG