Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Индонезия даҳҳо нафарро қурбон кард


Саҳнаи сӯхтор дар Индонезия
Саҳнаи сӯхтор дар Индонезия

Мақомоти Инодонезия мегӯянд, ки бар асари таркиш ва сӯхтор дар корхонаи пиротехникӣ, дастикам 46 нафар кушта шуд

Сӯхтор субҳи 26 октябр дар маҷмаи истеҳсолӣ, воқеъ дар ғарби Ҷакарта сар зад. Оташнишонҳо баъдтар назорати авзоро таъмин карданд ва мақомот ба бурунории ҷасади қурбониҳоро шурӯъ намуданд.

Пулис мегӯяд, ки ҷасадҳои ёфтшуда қобили шиносоӣ нестанд ва теъдоди қурбониҳо метавонад аз ҳисоби онҳое, ки шадидан захмӣ шудаанд, афзоиш ёбад.

Бар асари сухтор як қисми бино фурӯ рехт ва мошинҳои атроф оташ гирифтанд.

Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ки ин корхона ду моҳ пеш ба фаъолият оғоз карда буд.

XS
SM
MD
LG