Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ҷавонҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд бо ҷароҳати 4 нафар анҷомид


Дар пайи як занозанӣ миёни ҷавонони шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Сарбанд чор тан захмӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин занозанӣ, ки рӯзи 22-уми октябр рух додааст, шаш нафарро боздошт ва нисбати онҳо бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “Авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷавонон ҳангоми занозанӣ аз корд истифода кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз ҳарду тараф дунафарӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳоло Далери Раҳматуллои 27-сола, Хумайнӣ Темурови 23-солаи сокини Қурғонтеппа ва Некрӯз Мастови 21-сола ва Абубакр Назарови 22-сола, сокинони шаҳри Сарбанд бо чароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарианд. Ба гуфтаи мақомот, заминаи ҷанҷол қаблан ба вуҷуд омада, дар ниҳот дар назди бозори “Фаровон” бо кордзанӣ анҷом ёфтааст.

Дар матбуоти тоҷик соли ҷорӣ дар бораи чандин ҳодисаи пурсарусадои задухӯрди ҷавонону мактабиён гузориш шуд ва дар як изҳороти худ президент Эмомалӣ Раҳмон аз мизони афзояндаи хушунат дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи гузашта тақрибан 3 ҳазор хонандаи мактаб "кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ" кардаанд. Бештари ин хонандаҳо барои иштирок дар занозанӣ, аз ҷумла занозании гурӯҳӣ, ки боис ба марг шудааст, айбдоранд. Моҳи октябри баҳси ду донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо “разбор”-и гуруҳии маргбор дар соҳили дарёи Душанбе анҷомид.

XS
SM
MD
LG