Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани тоҷикистонӣ ва роҳиби калисои Русия ба тиҷорати фаҳшо айбдор шуданд


Витебск

Роҳиби калисои ортодокси Русия аз Санкт-Петербург, Николай Киреев ба талоши тиҷорати фаҳшо ва қочоқи инсон дар Беларусия боздошт шуд ва мурофиаи додгоҳии ӯ дар Витебск ҷараён дорад. Додгоҳ шарики Киреев, духтари 19 сола аз Тоҷикистонро бо ҳамин ҷурм барои панҷ сол равонаи зиндон кард.

Ҳафтаи равон Кумитаи тафтишоти Витебск хабар дод, ки мурофиаи роҳиб дар паси дарҳои баста мегузарад.

Роҳиби 39 сола моҳи август ҳангоми талоши ба Русия бурдани ду зани беларусӣ ва истифодаи онҳо дар танфурӯшӣ боздошт шуд.

Ба гуфтаи тафтишот, роҳиби рус занҳоро аз тариқи мукотибаи интернетӣ "киро" карда буд. Баъди ба даст овардани ризояити ин ду зан, ки яке 25 ва дигаре 29 сол дорад, Николай Киреев шарики худ, духтари 19 сола аз Тоҷикистонро ба Гомел фиристод то занҳоро , ба "макони корашон" дар Русия интиқол диҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Беларус шаҳрванди Тоҷикистонро дафъатан боздошт карданд ва ба думбол пулис Киреевро низ таҳти боздошт қарор дод.

Муфаттишон таҳо баъди боздошт фаҳмиданд, ки Николай Киреев -отец Николай, роҳиби калисо аст. Киреев ба "талоши суд бардоштан аз ҷалби одамон барои фоиҳшагӣ" муттаҳам буда, дар ростои 10 соли зиндон қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG