Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев бо даъвати Эрдуғон ба Туркия меравад


Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Президенти Узбакистон дар доираи як сафари расмӣ охирҳои моҳи октябр ба Туркия меравад. Ба навиштаи сомонаи Анҷумани содиркунандаҳои мол дар Истамбул, сафари Мирзиёев рӯзҳои 25-27 октябр бо даъвати ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон сурат хоҳад гирифт.

Раҳбарони ду кишвар бори охир 10 сентябр дар саммити Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот карданд. Ҷонибҳо он замон рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии ду кишварро баррасӣ карданд.

Чанде пеш Мирзиёев бо имзои як қарор низоми раводид (виза) бо Туркияро соддатар кард. Шаҳрвандони Туркия аз ин ба баъд метавонанд раводиди Узбакистонро бидуни даъватнома дарёфт кунанд.

Ҳаҷми табодули кунунии мол миёни Туркия ва Узбакистон 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ширкатҳои бинокории Туркия то ба имрӯз дар ин кишвар 110 тарҳро ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар иҷро кардаанд. Ҳаҷми сармояи ширкатҳои туркӣ низ дар Узбакистон ба 1,2 миллиард доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG