Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати ояндаи Чехро сиёсатмадори рӯ ба Маскав таъсис медиҳад


Андрей Бабиш - миллиардери Чех, раҳбари ҷумбиши "Ано", ки дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд
Андрей Бабиш - миллиардери Чех, раҳбари ҷумбиши "Ано", ки дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд

Раиси ҷумҳурии Чех Милош Земан таъсиси ҳукумати ояндаро ба соҳибкори миллиардер Андрей Бабиш - раҳбари Ҷумбиши "АНО", (ташкилоти шаҳрвандони норозӣ) вогузор мекунад.

Чунин аст натиҷагирии матбуоти Чех, ки ба думболи интихоботи рӯзи ҷумъа ва шанбе пахш шуд. Милош Земан, президенти ҷумҳурии Чех Андрей Бабишро шахси "прагматик" унвон кард, аммо афзӯд, бо он ки Бабиш се забонро медонад, аммо дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ надорад. Нахуствазири ояндаи Чех аз ҳоло таҳримҳои зидди Русияро, ки баъди ишғоли Қрим ва низои Шарқи Украина ҷорӣ шуданд, танқид кардааст.

Тавре хабаргузории Reuters мегӯяд, таъсиси ҳукумати эътиилофӣ метавонад мушкилсоз бошад, зеро 9 ҳизб ба порлумони Чех ворид шудаанд.

Ҷумбиши "норозиҳо", таҳти сарварии Андрей Бабиш, дар интихобот беш аз 29 дар сади райҳоро соҳиб шуд ва аз ҳизбҳои дигар пеш гузашт.

Нозирон пирӯзии нерӯҳои авомгаро, ё популисти монанд ба Ҷумбиши Бабишро ба нокомии ҳизбҳои суннатӣ марбут мекунанд. Нозирон мегӯянд, маъруфияти Андрей Бабишро аз танқидҳои ӯ аз "сиёсатмадорони суннатӣ"- и фасодзада ва ваъдаҳояш барои "идораи давлат ҳамчун як ширкат" маншаъ мегирад.

Ҷумбиши "АНО" аз соли 2014 ҳамроҳ бо социал-демократҳо ва демократҳои месеҳӣ ба ҳайъати эътилофи ҳукумат шомил буд. Бабиш якчанд сол ба сифати вазири молияи ҷумҳурии Чех фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG