Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи сарсахти Кремл баъди 20 рӯзи боздошт раҳо шуд


Алексей Навалний ва Ксения Собчак
Алексей Навалний ва Ксения Собчак

Алексей Навалний – раҳбари мухолифон дар Русия – баъд аз бист рӯзи боздошт раҳо гардид. Мақомоти Русия ӯро барои ташкили гирдиҳамоии бидуни иҷоза алайҳи президент Владимир Путин айбдор карданд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Алексей Навалний, гуфт, ки раҳбари мухолифон рӯзи 22-юми октябр дар гирдиҳамоии ҳамоҳангшудае дар вилояти Астрахан (Аштархон) бо тарафдоронаш дидор хоҳад кард. Астрахан дар 1300-километрии ҷануби шарқи Маскав ҷойгир аст.

Навалний мегӯяд, дар интихоботи президентии соли 2018 дар Русия иштирок ва номзадиашро хоҳад гузошт. Аммо мақомоти Кумисюни марказии интихоботи Русия моҳи июн гуфтанд, Навалний ҳаққи пешбарии номзадиро надорад. Элла Памфилова, раиси Кумисюни марказии интихоботии Русия, гуфт, агар Навалний доғи судиашро дар робита ба парвандаи "Кировлетс" бекор кунад ё қонунгузории кишвар тағйир ёбад, мумкин аст, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шавад.

Баъдан, рӯзи 17-уми октябр, Памфилова ба таври қатъӣ изҳор дошт, ки Навалний ҳаққи иштирок дар интихоботи президентиро надорад. “Ӯ танҳо дар соли 2028 метавонад, ки номзад шавад”, - эълон кард раиси Кумисюни марказии интихоботи Русия.

Интихобот дар Русия рӯзи 18-уми марти соли 2018 баргузор хоҳад шуд. Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия, то кунун дар бораи пешбарии номзадиаш тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Ахиран барандаи телевизион ва духтари раиси собиқи шаҳри Санкт-Петербург Ксения Собчак эълон кард, дар интихоботи соли оянда номзад хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG